- пухта
- [پخته]1. сифати феълии замони гузашта аз пухтан2. сифати он чи, ки дар оташ мепазанд; муқоб. хом: гӯшти пухта3. расида, қобили хӯрдан шуда: ангури пухта, харбузаи пухта4. дар оташ пазондашуда, дар хумдон тайёршуда: хишти пухта5. маҷ. таҷрибанок, кордида, корозмуда, кордон; оқил, доно: одами пухта6. ҳар чизе, ки аз рӯи қоида маҳкаму пойдор сохта шуда бошад: ин иморат бисёр пухта аст7. аниқ, дуруст, мукаммал, комил: маълумоти пухта, саводи пухта8. оқилона, мӯътабар, ба ҳақиқат наздик: маслиҳати пухта, сухани пухта, ҷавоби пухта; пухта гап задан оқилона гап задан, бомаънӣ сухан кардан; пухта кардан а) ба ҳадди эътидол расонидан; б) дуруст ва бекаму кост гардонидан; аниқ ва равшан кардан; пухта расидан тайёр шудан, барои амал омода гаштан, ба воя расидан; пухта шудан а) мукаммал шудан, мустаҳкам шудан, бекаму кост шудан; б) таҷриба ҳосил кардан, кор ёд гирифтан; доно гаштан; корро пухта кардан ягон амалро хуб фикр карда тайёр кардан, пазондан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.